Муаррифии Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) дар БМТ

Бойгонии ахбор
01.11.2018

Муаррифии Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) дар БМТ

Рӯзҳои 30 - 31 октябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаррифии Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) – Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд» бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи мазкур барои кормандони низоми бонкии мамлакат семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

1.JPG

Дар ибтидо Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳайати Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷоратиро бо вазъи макроиқтисодӣ, натиҷаҳои бадастомада дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ ва мувофиқ намудани онҳо ба принсипҳои маблағгузории исломӣ шинос намуда, қайд карданд, ки татбиқи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон метавонад барои ҷалби ҳарчи бештари сармоя аз давлатҳои аъзои Бонки исломии рушд (БИР) мусоидат намояд.

2.JPG

Сармушовири калони Мудирияти амалиётӣ ва Менеҷери генералии амалиётҳои Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Абу Ҷаллов дар навбати худ изҳор дошт, ки Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) дар соҳаи маблағгузории тиҷорат ҳавасманд аст, ки бо муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, ба муассисаҳои молиявӣ хати тамвилӣ пешниҳод намояд. Аз ҷумла корпоратсия нақша дорад, ки дар оянда бахши хусусӣ, бахусус ширкатҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармоягузорӣ намояд, -зикр намуд Абу Ҷаллов.

3.JPG

Зимни муаррифии Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи таърихи пайдоиши бонки исломӣ, мафҳум ва шаклу усулҳои фаъолияти он дар ин низоми бонкӣ маълумоти муфассал дода шуда, иштирокдорони семинар ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

4.JPG

Маврид ба зикр аст, ки Корпоратсияи байналмилалӣ оид ба маблағгузории тиҷорат ITFC, ки узви Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мебошад, фаъолияти худро аз соли 2008 оғоз намуда, ҳадафи он пешбурди тиҷорат бо мақсади беҳбуди вазъӣ иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолии саросари дунё мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку