Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя

Бойгонии ахбор
02.11.2018

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя

Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ намунаи соли 2018 ба муомилот мебарорад.

Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку