Даъватномаи иштирок дар озмун

Бойгонии ахбор
16.11.2018

Даъватномаи иштирок дар озмун

Бонки миллии Тоҷикистоноид ба интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо барои лоиҳаи татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон озмун эълон намуда, ҳамаи довталабонро даъват менамояд, ки барои иштирокдар озмун дархост пешниҳод намоянд. Шахсони довталаб бояд маълумотеро, ки тахасссуси онҳоро барои пешниҳоди чунин хизматрасонӣ тасдиқ мекунад, пешниҳод намоянд.

Мақсад
Ҳадафи ин талаботи тахассусӣ интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо барои иштирок дар марҳилаҳои раванди татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи лоиҳа
Вазифаи асосии лоиҳа татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон “бо шарти омода кардану супоридани он” мебошад.

Талабот ба довталаб
- таҷрибаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи НАБ ;
- иштироки ҳатмӣ дар татбиқи низомҳои автоматишудаи бонкӣ;
- таҷрибаи корӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ё дар кишварҳои дорои иқтисоди давраи гузариш;
- донистани низомҳои асосии бонкӣ ва хусусиятҳои фаъолияти бонкҳои марказӣ;
- донистани низомҳои пардохтӣ ва доштани таҷрибаи корӣ дар ҳамгироии низомҳои пардохтӣ бо маҳсулотҳои бонкӣ;
- иштирок дар на кам аз 2 (ду) лоиҳаи ҷорӣ кардани НАБ дар бонкҳои марказӣ/ё тиҷоратӣ;
- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ;
- пешниҳоди мактубҳои тавсиявӣ ва рӯйхати лоиҳаҳое, ки татбиқ карда шуда буданд;
- доштани таҷрибаи корӣ дар лоиҳакашӣ (project management), хусусан дар лоиҳакашии лоиҳаҳое, ки бо технологияҳои иттилоотӣ вобастагии зич доранд.

Мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо мутобиқи усулҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо муқаррар кардааст, интихоб карда мешавад.

Шахсони манфиатдор бояд CV –и худро (дар шакли PDF) тариқи почтаи электронӣ ё дар шакли хаттӣ бо нишонии зайл то 10 декабри соли 2018, то соати 17.00 вақти маҳаллӣ ирсол намоянд.

Инчунин, довталабон бояд тавсияномаҳо ва рӯйхати лоиҳаҳои дар муддати 7 соли охир татбиқ намудаашонро пешниҳод намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон
Ба Муовини Директори Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон
Ғаниев Дилшодбек Бурҳонович
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2
Тел: +992 44 600 32 50, + 992 44 600 32 56
E-mail: cbs@nbt.tj


Возврат к списку