20 ноябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи минтақавии Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон хонум Аня Хоэр баргузор гардид.
Нахуст Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) ибрози назар кард. Зикр карда шуд, ки дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла дар доираи “Ҳафтаи байналмилалии пасандоз” барои толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ машғулиятҳои молиявӣ аз қабили “Пасандоз”, инчунин байни бонкҳои кишвар мусобиқаи “Ҷоми бонкҳо” гузаронида шуд.
Намояндаи минтақавии Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон хонум Аня Хоэр аз натиҷаи хуби ҳамкориҳои бадастомада дар рафти татбиқи барнома изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани лоиҳа ва доир кардани як қатор чорабиниҳои ҷадид изҳори ҳавасмандӣ кард. Аз ин рӯ, хонум Аня Хоэр барои минбаъд низ тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони низоми бонкӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ тавассути табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи бонкии Олмон ва барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Шартномаи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, дар доираи барномаи дуалӣ аз 11 сентябри соли 2014 барои кормандони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо ҷорӣ намуд. Дар давоми солҳои 2015-2018 380 нафар кормандони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, 409 нафар омӯзгорони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва 16980 нафар толибилмон аз манотиқи гуногуни кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуда, маърифати молиявӣ ва донишҳои тахассусии худро такмил доданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ