Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи иқтисоди бозорӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани механизми харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои таъмини эҳтиёҷоти бонк ширкатҳои марбутаи соҳаро ба ҳамкории дуҷонибаи судманд даъват менамояд.
Ширкатҳои соҳаи зикргардида, ки хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкориро доранд, метавонанд пешниҳоди тиҷоратии худро ба таври хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон, то 12 декабри соли 2018 бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ – 107А, ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: 600-31-05; 600-32-75