Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
23.11.2018

Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2018 дар асоси моддаи 4 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, аз ҷумла, суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ, суғуртаи ихтиёрии молу мулк ва суғуртаи ихтиёрии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад.

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.


Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку