23 ноябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аҳли нишастро бо Рӯзи Парчам табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор рафта, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик ба ҳисоб меравад.
“Рисолати парчамдории миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, аҷдодони мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд. Парчами давлатӣ дар ҳақиқат нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад ва моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдорӣ, истиқлолияти Ватан ва чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷой орем” - зикр намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов оид ба моҳият ва нақши таърихии парчам дар давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки нуҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Бешубҳа Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад.
Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат талаққӣ мегардад.
Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор бигирад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад, - зикр намуд М.Султонов.
Дар анҷоми ҷамъомад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бори дигар иштирокдоронро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, таъкид бар он дошт, ки Парчами миллиро эҳтиром ва барои поку муқаддас нигоҳ доштани он омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ эҳтиром ва пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон, пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст.
Шуъбаи матбуоти БМТ