26.11.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи таҳлили хавфҳо
I
Мутахассис (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии риёзӣ, риёзӣ-иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи хавфҳои бонкӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office (Word, Excell, Power Point) ҳатмӣ;
- доштани собиқаи кории 2 сола дар соҳаи бонкӣ;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Шуъбаи ҳуқуқ
II
мутахассиси пешбари Бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии ҳуқуқӣ;
- дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- қобилияти хуби таҳлилӣ;
- маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excell, Power Point);
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
· Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
· Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.12 с.2018