Нақши занон дар раванди сулҳофарӣ

Бойгонии ахбор
03.12.2018

Нақши занон дар раванди сулҳофарӣ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои қатъномаҳои №1325 ва №2122 – и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи “Нақши занон дар раванди пешгирӣ ва танзими низоъҳо ва сулҳофарӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҷомеаи коршиносони байналмилалӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.

563A8834.JPG

Чорабиниро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, саҳми занонро дар таҳкими сулҳ, пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо бориз арзёбӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Олимӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои ҷойдошта дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, гузаронидани таҳлили иҷрои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ, интихоби занони сарвар ба сифати намояндаи махсуси СММ оид ба масъалаҳои занон ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт, дастгирии фаъолияти Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳофарӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

563A8898.JPG

“Қабул гардидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» далели эътимоду боварӣ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад”, - қайд намуд М.Олимӣ.

Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи СММ дар бахши занон дар Тоҷикистон Вилоят Мирзоева ва коршиноси байналмилалӣ Мики Жасевич дар навбати худ оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон буда, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ бармеоянд, тавонистааст корҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Дар ҷараёни кори семинар аз натиҷаи баргузории семинарҳои омӯзишии минтақавӣ ва бартарияти онҳо аз ҷониби масъулин рӯнамоиҳо манзур карда шуд.

563A8920.JPG

Чорабинӣ бо натиҷагирӣ аз суханрониҳои иштирокчиён ҷиҳати ҳаллу баррасии муаммоҳои ҷойдошта дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии занон ва таҳлилу баррасии иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ҷамъбаст гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку