Амалҳои хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии иқдоми созанда

Бойгонии ахбор
10.12.2018

Амалҳои хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии иқдоми созанда

Бо такя ба иқдомҳои созанда ва ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои хайру эҳсонкорӣ ва кӯмак ба ниёзмандону барҷомондагон Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” кӯмаки хайриявӣ ирсол намуд.

Кӯмаки хайриявӣ дар шакли либоси зимистона бо 18 номгӯй ва теъдоди 1710 адад либоси гарми болопӯш, курткаю жемпир, мӯза, кӯлоҳ ва ғайра барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” бурда расонида шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 сарпарастии ин муассисаи таълимиро ба дӯш дошта, пайваста ба он кумаки моддӣ мерасонад.

Боиси тазаккур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон инчунин дар арафаи соли нави милодӣ хотири бошандагони “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”-ро бо оростани дастурхони идона ва туҳфаҳои солинавӣ аз ҳисоби маблағҳои хайриявии кормандони БМТ шод гардониданист.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку