Вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ ва Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ

Бойгонии ахбор
11.12.2018

Вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ ва Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва муҳокимаи масъалаҳо дар ин самт санаи 7 декабри соли 2018 дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати мазкур бо масъулини Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ тақвият бахшидани ҳамкории Департамент ва Раёсати мазкур дар самти ошкорнамоии маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ба ҳисоб меравад.

563A9260.JPG

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳафиззода Шодӣ Хуршед оғоз намуда, миннатдории хешро ба Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ба вохӯрӣ ва пешниҳоди маълумот оид ба фаъолият дар самти МҚД/МТ иброз намуд.

563A9266.JPG

Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло дар навбати худ қайд кард, ки бо мақсади бартараф кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм миёни Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва Департамент ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки чорабинии имрӯза низ бо мақсади баланд бардоштани ҳамкории дуҷониба дар ин самт баргузор хоҳад шуд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон рӯнамоҳо (презентатсияҳо) дар мавзӯъҳои зерин, аз ҷумла:
• Баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ ва тавсияҳои ФАТФ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҚД/МТ;
• Талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
• Ҳамкории мутақобилаи Департамент ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он;
• Ҳамкории мутақобилаи Департамент бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва натиҷаҳои он мавриди пешниҳод қарор гирифтанд.

Инчунин, аз ҷониби Департамент наворҳои видеоӣ вобаста ба мафҳуми шустушӯи пул, терроризм ва маблағгузории он пешниҳод гардиданд.

563A9272.JPG

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мониторинги молиявӣ ширкат варзиданд. Баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳифзи амнияти кишвар ва пешгирии ҳодисаҳои манфӣ ба монанди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона шудааст.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин вохӯриҳо натиҷаи ҳамкории судманд байни Департаменти мониторинги молиявӣ ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳифзи амнияти ватани азизамон ва пешгирии маблағгузоррии терроризм ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку