10 декабри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамзамон Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад, бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар ҳайати собиқ Директори идоракунандаи БАТР дар Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженкова, Директори тозаинтихоби идоракунандаи БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Бруно Балванера ва Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, хонум Наталя Ханженковаро бинобар ба вазифаи масъул таъйин шуданаш табрик гуфта, барои фаъолияти пурсамар ва пурмаҳсул ба ҳайси Директори идоракунандаи БАТР дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод ва арзи сипос намуд.
Дар рафти мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон Мудири БАТР аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, Директори тозаинтихоби идоракунандаи БАТР дар Осиёи Марказӣ Бруно Балванераро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифаи пурмасъул муваффақият орзу намуд.
Зимни машварат ҷонибҳо инчунин доир ба фаъолияти БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт сухан карданд. Ҷамолиддин Нуралиев фаъолияти БАТР-ро дар самти дастгирии лоиҳаҳои бахши сохтори давлатӣ иқдоми муҳим арзёбӣ намуда, дар баробари ин таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба бахши хусусӣ, ки аз омилҳои калидии рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад, равона сохт. Ҷамолиддин Нуралиев барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ин ташкилот дар саҳмгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва амалишавии лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” ва соҳаи энергетика, инфрасохтор, сохтмони роҳҳо ва бахусус бахши хусусӣ даъват ба амал овард.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо инчунин дар хусуси дастгирии низоми бонкии кишвар тавассути ҷалби кӯмакҳои техникӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии корпоративӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулиятҳои муштарак бо истифода аз коршиносони байналмилалӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, омодагии хешро баён намуданд. Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ба баррасии масъалаи суратҳисобҳои берунаи бонкҳои кишвар ва тезонидани суръати кӯмаки техникӣ дар самти ҳадафгирии таваррум махсусан таваҷҷуҳи ҳайати БАТР-ро ҷалб намуд.
Дар навбати худ, Директори тозаинтихоби идоракунандаи БАТР оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Бруно Балванера барои густариши ҳамкориҳо ва идомаи иқдомҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар хотима, хонум Наталя Ханженкова, ки ба ҳайси Директори идоракунандаи БАТР оид ба Осиёи Марказӣ то ин дам фаъолият намудааст ва дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими кишвар саҳм доштааст, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.
Шуъбаи матбуот