Ватандӯстӣ сипари ваҳдати миллӣ ва омили рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол

Бойгонии ахбор
13.12.2018

Ватандӯстӣ сипари ваҳдати миллӣ ва омили рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол

12 декабри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфулло Сафаров, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк дар мавзӯи “Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ” мулоқот доир гардид.

563A9893_1.JPG

Вохӯриро сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев бо сухани ватану ватандорӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар ҳар як фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таъмини оромии кишвар ва муҳайё сохтани шароити зиндагии арзанда баҳри наслҳои оянда талош варзад ва софдилонаву поквиҷдонона барои Ватани азизу маҳбуб хизмат намояд.

563A9898_2.JPG

Мавсуф дар суханрониаш аз вазъи ҷаҳони муосир, пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва нерӯҳои таҳти таъсири онҳо қарордошта, эҳтимолияти таъсири онҳо ба нооромии ҷомеа қайд карда, барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо бо такя ба ҳисси ватандӯстиву ватандории ҳар як фарди солимфикри миллат аз ҳозирин даъват ба амал овард. “Ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни он месазад, баҳри бартараф намудани тамоми омилҳои низоъангезии он дар ҷомеаи худ, саъю талош варзем”,- таъкид намуд Д.Гадоев.

563A9895_3.JPG

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар навбати худ, оид ба моҳияти мавзӯи “Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ” ибрози ақида намуда, дар робита ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани мухолифати иттилоотӣ, пайдо шудани мафкураи бегона дар ҷомеа, таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

“Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани эҳтироми динӣ, пос доштани арзишҳои волои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ месазад, ки худро ҳамчун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ ба кор барем”, - изҳор дошт С.Сафаров зимни суханронӣ.

563A9878_4.JPG

Дар фароварди суханрониҳо байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндаи Маркази тадқиқоти стратегӣ муколамаи пурмуҳтаво доир гашта, ҳозирин, ки аксари онҳоро кормандони ҷавону болаёқат ташкил медоданд, ба суолҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки ватандӯстӣ сипари ваҳдати миллӣ ва омили рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил диҳем, то аз ҳар гуна таҳдидҳо ва каҷравиҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ намоем ва чун сарбозони Ватани азизамон ҳамеша онро аз ҳама гуна хавфҳои дохиливу берунӣ ҳифз намоем.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку