Муаррифии хизматрасони нави SWIFT Payment Controls

Бойгонии ахбор
19.12.2018

Муаррифии хизматрасони нави SWIFT Payment Controls

18 декабри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи истифодабарандагони SWIFT дар Тоҷикистон мебошад, инчунин бо иштироки директори минтақавии SWIFT дар Русия, давлатҳои ИДМ ва Муғулистон Павел Прокудин, менеҷери калони SWIFT дар самти муқовимат ба амалҳои ҷиноятӣ Урс Керн, кормандони бонк ва намояндагони ташкилотҳои қарзии мамлакат дар доираи Барномаи CSP (Customer Security Programm) дар мавзӯи “Баланд бардоштани сатҳи амнияти иттилоотӣ” семинар доир гардид.

NBTL2338-1.JPG

Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии хизматрасонии нави “SWIFT Payment Controls” ва бартарияти он нисбат ба дигар хизматрасонии барномавӣ мебошад, ки он бо мақсади кам кардани хавфҳои эҳтимолии ташкилотҳои қарзӣ, пешгирии қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таҳия гардидааст.

NBTL2379-2.JPG

Директори минтақавии SWIFT дар Русия, давлатҳои ИДМ ва Муғулистон Павел Прокудин дар навбати худ доир ба Барномаи CSP (Customer Security Programm) ба ҳозирин маълумоти мухтасар манзур намуда, суханро барои муаррифии хизматрасонии нави “SWIFT Payment Controls” ба менеҷери калони SWIFT дар самти муқовимат ба амалҳои ҷиноятӣ Урс Керн дод.

NBTL2350-3.JPG

Зимни баромад вобаста ба низоми мазкур Урс Керн аз ҷумла қайд кард: “Барномаи мазкур ба назорати доимии вақт ва ҳисоботи воқеии пардохтҳои интиқолдодашудаи ҳаррӯза мувофиқ карда шуда, барои муайян ва пешгирӣ кардани пардохтҳои хавфнок, тиҷорати ноустувор ва талафоти молиявӣ имкон медиҳад. Инчунин, хизматрасонии мазкур барои боздошти саривақтии амалиётҳо ва пардохтҳои хавфнок, баланд бардоштани суръат, шаффофият ва эътимоднокии пардохтҳо, таъмини боварии тиҷоратӣ бо шарикон, кам кардани хавфҳои меъёрӣ ва эътиборӣ мусоидат менамояд”.

Дар идомаи семинар ба диққати иштирокдорон аз ҷониби кормандони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Хизматрасонии назоратии пардохтҳои Payment Control – яке аз элементҳои барномаи пешгирии қаллобӣ” маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

NBTL2341-4.JPG

Чорабиниро Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои қарзӣ дар самти пешгирӣ намудани амалиётҳои барои низоми SWIFT хавфнок ва таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ намудани хавфҳои молиявӣ барои ташкилотҳои қарзӣ мусоидат хоҳад кард.

Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunication (SWIFT) - Иттиҳоди умумиҷаҳонии телекоммуникатсияҳои молиявии байнибонкӣ буда, ташкилотҳои қарзии кишвар аз соли 2002 ба ин низом пайваст мебошанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку