Ҷаласаи аввалини Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
20.12.2018

Ҷаласаи аввалини Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Резаахбор

14 декабри соли 2018 бори аввал дар таърихи кишвар Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид. Ҷаласаи якуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

563A0173-1.JPG

Дар оғози ҷаласа муқаррароти дохилӣ оид ба ташкили кори Шӯро тасдиқ гардида, дар рафти он масъалаҳо дар самти таъмини суботи молиявӣ, аз ҷумла омилҳои устувории молияи давлатӣ, заминаҳои макроиқтисодии муътадилии бозори асъор, вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва нақши он дар нигоҳ доштани суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

563A0171-2.JPG

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар самти беҳтар намудани фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар баробари ин, барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ, ки бахши муҳимми он маҳсуб меёбад, саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани ислоҳот ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ нақши муҳим мебозанд.

563A0160-3.JPG

Дар идома, аъзои Шӯро оид ба идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ ва бонкӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, масъалаҳои андозбандӣ, низоми идоракунии молияи кишвар, инчунин оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва иқтидори Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ибрози назар карда, пешниҳоди худро манзури Шӯро намуданд.

Дар хотима, ҷаласаи Шӯро оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории техникӣ барои ташкили корҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои минбаъда қарори дахлдор қабул карда, вазорату идораҳои масъулро, ки намояндаи онҳо дар ҳайати Шӯро шомиланд ва дар устувории низоми молиявӣ саҳми калидӣ доранд, барои таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри устувор нигоҳ доштани низоми молияи давлатӣ, механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, тадбирҳои афзалиятнок ҷиҳати пешниҳод намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мубодилаи саривақтии иттилоот ва фаъолияти ҳамоҳангсозона ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои пешгузошта муваззаф намуд.

563A0206-4.JPG

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №331, аз 21 июни соли 2018 таъсис дода шудааст.

Тибқи низомномаи Шӯро ба ҳайати он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Раиси Шӯро, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – котиби ҳамоҳангсоз, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчун узви доимӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иштирокчии доимӣ ва нозири мустақили Шӯро шомил мебошанд.


Возврат к списку