Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи бонки сармоягузории «Райффайзенбонк»

Бойгонии ахбор
22.12.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи бонки сармоягузории «Райффайзенбонк»

21 декабри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори институтҳои молиявии ҶС «Райффайзенбонк» дар ИДМ Павел Зарутский сурат гирифт. Дар вохӯрии мазкур инчунин Директори иҷроия оид ба бозори сармояи Ҷамъияти саҳҳомии «Райффайзенбонк» Александр Булгаков ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

NBTL2407-3.JPG

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев намояндаи “Райффайзенбонк” Павел Зарутскийро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои (евробонд) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии сармоя изҳори сипос намуд. Ҷамолиддин Нуралиев ба фурӯш баровардани вомбаргҳои давлатӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” дорои аҳамияти муҳим ба иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуд.

NBTL2398-2.JPG

Дар идомаи мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони бонки сармоягузории «Райффайзенбонк» Павел Зарутский ва Александр Булгаковро бо вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, тадриҷан ба эътидол омадани низоми бонкӣ бо такя ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои даромаднокӣ ва пардохтпазирӣ, зиёд шудани теъдоди қарзҳо ва пасандозҳо, афзудани эътимоднокӣ ба низоми бонкии кишварро натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ баён намуд.

NBTL2427-4.JPG

Дар навбати худ, Директори институтҳои молиявии ҶС «Райффайзенбонк» дар ИДМ Павел Зарутский аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард. Павел Зарутский ба истифода додани чархаи аввали иншооти азими аср НБО “Роғун”-ро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ намуда, барои идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти стратегӣ ибрози назар кард.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо ҳамкориро дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонки сармоягузории “Райффайзенбонк”, ҳамкории бонкҳои тиҷоратӣ бо ин бонк, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон изҳори назар ва ҳавасмандӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳор доштанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро ба роҳ хоҳанд монд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку