Дар бораи ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин»

Бойгонии ахбор
09.01.2019

Дар бораи ҶДММ «Суғуртаи Тоҷик ва Чин»

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2019 таҳти №2 мутобиқи банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин банди 1-и боби 10-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 8 январи соли 2021 аз нав ба расмият дароварда шуд.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз 8 январи соли 2016 беэътибор дониста мешавад.

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки оид ба қарорҳои мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку