Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”

Бойгонии ахбор
24.01.2019

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2019 дар асоси моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку