Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ 23 январи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар ва рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Зеро, чунин навъи ҳисоббаробаркунӣ на танҳо шаффофияти иқтисодиётро таъмин менамояд, балки барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуда ҳамзамон имкон медиҳад, ки назорати ҷараёнҳои молиявӣ тақвият ёбанд.
Тибқи қарори зикршуда, вазорату идора ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки аз имкониятҳои ба роҳ мондани қабули ҳаққи ҳамаи намудҳои хизматрасониҳо аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ таъмин карда мешаванд, ба таври мушаххас шинос шуда, дар доираи иҷроиши қарори мазкур ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ намоянд, - таъкид намуд Ҳ.Машрабзода.
Сипас, сардори Шуъбаи назорати низоми пардохти Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов дар мавзӯи “Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани қабули хизматрасониҳои пулакии давлатӣ” дар доираи иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" муаррифиномаи худро манзури иштирокдорон намуд.
Зимни рӯнамоӣ таъкид карда шуд, ки вазорату идора ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани иҷроиши бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷро намудани талаботҳои қарори мазкур тариқи рӯнамо имкониятҳо ва маҳсулотҳои худро вобаста ба қабули пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили насби терминалҳои электронӣ, пардохтҳо бо истифодаи рамзи QR, хизматрасониҳои “Интернет-банкинг”, “Интернет-эквайринг” ва “Бонкинги мобилӣ” бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, манзури намояндагони вазорату идораҳои дахлдор намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ вобаста ба раванди фаъол намудани хизматрасониҳо ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои ғайринақдӣ муҳокимаи пурмуҳтаво доир гардида, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ки иҷрокунандагони калидии қарори мазкур маҳсуб меёбанд, ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи кории байниидоравӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. аз намояндагони вазорату идораҳо барои таҳияи лоиҳаи нақшаи техникӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва инчунин омода намудани пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи самараноки минбаъдаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар муҳлатҳои муқарраргардида даъват ба амал овард.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, ки 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 тасдиқ шудааст, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, вазифадоранд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ