28 январи соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо коршиноси молиявии Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Бернард Мурира мулоқоти корӣ доир намуд.
Зимни мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҷаноби Бернард Мурира оид ба татбиқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар самти идоракунии самараноки захираҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони ин бахш ибрози назар карданд. Зикр карда шуд, ки дар доираи даври аввали татбиқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ вохӯриву мулоқотҳо бо коршиносон, табодули таҷрибаи бонкҳои марказии узви ин барнома дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, иштирок дар машғулиятҳои омӯзишӣ дар такмили мутахассисон нақши зиёд дошт.
Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон диққати ҷаноби Бернард Мурираро барои идома додани ҳамкориҳо дар сатҳи сифатан нав, яъне ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, ҷалб намуд. Ҷамолиддин Нуралиев бахусус табодули таҷриба ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар доираи методологияи муқаррар намудани сиёсати нархгузорӣ, сохтор ва стратегияи тарифҳо ба манфиати кор донист.
Коршиноси бахши молиявии Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо ҷаноби Бернард Мурира дар навбати худ изҳор дошт, ки тайи чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси машваратчӣ қарор дорад, аз даври аввали барнома натиҷагирӣ карда, барои идома додани ҳамкорӣ дар зинаи нав таклифу пешниҳодҳои худро манзур хоҳад кард. Ҷаноби Бернард Мурира инчунин изҳор дошт, ки идома додани ҳамкорӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад, ба мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба барномаҳои тахассусӣ оид ба тақсимот ва идоракунии захираҳоро хоҳад дод. Дар доираи кӯмаки техникии ин Барнома мутахассисон метавонанд аз таҷрибаи Бонкҳои марказӣ ва коршиносону машваратчиёни Барнома оид ба идоракунии самараноки захираҳо такмили ихтисос кунанд.
Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Раёсати хазинадории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, моҳи майи соли 2016 дар доираи Барномаи заминавии хизматрасониҳои машваратии техникӣ шомил гаштааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ