Маълумот барои довталабон

Бойгонии ахбор
30.01.2019

Маълумот барои довталабон

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкории худро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.

Қобили қайд аст, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2019-2020 оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки макотибҳои олии ин кишвар узвҳои комилҳуқуқи Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ мебошанд. Вобаста ба ин, дар сурати ҳавасмандӣ ба таҳсилот дар макотибҳои олии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии узвҳои Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ тариқи истиноди “https://mumsfm.ru/deatelnost/setevoj-institut-v-sfere-podft/postuplenie” маълумоти зарурӣ пайдо намоянд.

Ҳамзамон, довталабон метавонанд маълумоти иловагиро (брошюраи Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ ва дигар мавод) аз саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз ин истинод http://www.nbt.tj/tj/financial_monitoring/student.php, дарёфт кунанд.

Дар баробари маълумоти қайдшуда, бояд гуфт, ки дар мавриди пайдо шудани саволҳо нисбат ба тартиби бақайдгирӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо ва интихоби минбаъдаи довталабон ба макотибҳои олии Федератсияи Русия, довталабон метавонанд ба намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин истинод “tjk.rs.gov.ru” ё ин ки тавассути суроғаи қуттии электронӣ “tajikistan_dushanbe@rs.gov.ru” барои гирифтани машварат, муроҷиат намоянд. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар саҳифаи интернетии “russia.study” ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълимии узвҳои Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ довталабонро мебояд, ки дар тавзеҳот (комментарий) калимаи “росфинмониторинг”ро қайд намоянд.

Инчунин, довталабонро зарур аст, ки як (1) нусхаи ҳуҷҷатҳои худро дар баробари ворид намудан ба сомонаи “russia.study”, ҳатман ба суроғаи электронии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон “dmm@nbt.tj” ирсол намоянд. Бояд зикр намуд, ки ирсоли ҳуҷҷатҳо ба Департамент барои корбарии минбаъда бо довталабон комилан зарур мебошад.

Сетевой институт в сфере ПОД/ФТ 

Общая информация

Перечень направлений подготовки

 


Возврат к списку