Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”

Бойгонии ахбор
30.01.2019

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2019 таҳти №6 мутобиқи банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин банди 1-уми боби 10-и Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 30 октябри соли 2020 аз нав ба расмият дароварда шуд.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” аз 30 октябри соли 2015 беэътибор дониста мешавад.

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки оид ба қарорҳои мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку