6 феврали соли 2019, тибқи Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷии кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёт, аз ҷумла таъмини муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.
Аз ҷумла, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2018 68,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4,0 фоиз, сохтмон 7,8 фоиз ва гардиши савдои чакана 9,8 фоиз мусоидат намуд.
Таваррум. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи муътадили таваррум аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои ҷойдошта нигоҳ дошта шуда, он ба 5,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.
Сиёсати пулию қарзӣ. Бо назардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар соли ҳисоботӣ 159 музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми фурӯши онҳо 19,6 млрд. сомонӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Инчунин, бо мақсади танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 39,3 млрд. сомонӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус паст гардидани хавфҳои таваррумӣ, дар давоми сол сатҳи меъёри бозтамвилро тадриҷан аз 16,0 то 14,0 фоизи солона паст намуд.
Қурби пули миллӣ. Дар соли 2018 сиёсати қурбӣ ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосоёфта, амалӣ карда шуд.
Дар соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,9 фоиз коҳиш ёфт, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,1 фоиз камтар аст (дар соли 2017 - 12,0 фоиз). Тағйирёбии қурби сомонӣ аз хусусиятҳои бунёдию сохтории иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста буда, зери таъсири омилҳои берунию дохилӣ сурат мегирад.
Коҳишёбии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2018 зери таъсири вазъи ноустувори геосиёсию иқтисодии шарики асосии тиҷоратӣ, ки ба коҳишёбии қурби пули миллии он нисбат ба доллари ИМА сабаб гардид (рубли русӣ), зиёд шудани бақияи манфии тавозуни савдо (зиёда аз 2,0 млрд. доллари ИМА), афзоиши хароҷотҳои асъории буҷети давлатӣ, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ва омилҳои мавсимӣ ба амал омад.
Низоми бонкӣ. Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 дар ҷумҳурӣ 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин сана мувофиқан маблағи 21,2 млрд. сомонӣ ва 15,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ҳаҷми дороиҳо 1,2 фоиз ва уҳдадориҳо 0,6 фоиз зиёд гардид. Сармояи тавозунӣ бошад, 3,0 фоиз афзоиш ёфта, ба 5,9 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Пасандозҳо. Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 5,0 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,1 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ бошад, 3,6 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 49,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 51,0 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2017 мутаносибан 44,6 фоиз ва 55,4 фоиз буд), ки нишондиҳандаҳои мазкур аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.
Маблағгузории қарзӣ. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 8,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 6,5 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошта, дар муқоиса ба соли гузашта 13,7 фоиз ё 65,4 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 544,5 ҳазор адад баробар гардид. Ин нишондиҳанда аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна гувоҳӣ медиҳад.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 42,3 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 29,1 фоиз, саноат 19,2 фоиз, истеъмолот 20,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,3 фоиз, кишоварзӣ 8,7 фоиз, сохтмон 8,1 фоиз, нақлиёт 6,1 фоиз, миёнаравии молиявӣ 0,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 0,6 фоиз рост меояд.
Низоми пардохт. Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 678 адад ва 4 499 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 7 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 1174 адад зиёд шуданд. Шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 55 фоиз афзоиш ёфта, 3014 ададро ташкил намуд.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 8,9 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 3,5 млн. ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ зиёда аз 1 817,4 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли 2017 7,3 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 7,1 фоиз зиёд гардида, 1 791,6 ҳаз. нафарро ташкил намуд.
Муроҷиати шаҳрвандон. Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2018 дар маҷмӯъ 2 811 адад дархосту шикояти муштариён, аз ҷумла 108 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, 1 218 адад тариқи телефони боварӣ, 1 230 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 255 адад бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти ҷойдошта аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Бахши суғурта. Шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2018 19 ададро ташкил дод, ки аз ин 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ буда, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин, дар бозори суғуртаи кишвар 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила амал мекунад.
Сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра ба андозаи 15,8 фоиз зиёд гардид. Тибқи маълумотҳои фаврӣ маблағҳое, ки дар соли 2018 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ба мизоҷон ҷуброн карда шуд, 10,1 млн. сомониро ташкил дод. Инчунин, уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли ҳисоботӣ маблағи 83,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2017 ба андозаи 6,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди нақши низоми бонкӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёт, муомилоти ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ, бахши суғурта посухҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки соли 2019 масъалаи татбиқи сиёсати устувори монетарӣ дар ҳамбастагӣ бо сиёсати фискалӣ, истифодаи самараноки воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, беҳтар намудани идорасозии хавфҳои асъорӣ, танзими сармоя, таъмини пардохтпазирии бонкҳо ва таҷдиду такмили ислоҳот дар низоми бонкӣ, зиёд намудани эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ бо низомҳои миллии кишварҳои шарик, вазифаи аввалиндараҷаи Бонки миллӣ боқӣ хоҳад монд.
Шуъбаи матбуоти БМТ