Дар таҷрибаи муосири бонкдорӣ, аксар кишварҳои пешрафта тибқи тавсияҳои Кумитаи Базелӣ оид ба назорати бонкӣ, муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсозро ба таври васеъ истифода мебаранд. Натиҷаи фаъолияти бонкҳои низомсоз дар дилхоҳ давлат ба нишондиҳандаи асосии устувории молиявии низоми бонкӣ хеле муассир буда, метавонад сабаби рушд ва ё осебпазирии он гардад. Аз ин рӯ,мақомоти танзимгари низоми бонкӣ бояд фаъолияти бонкҳои низомсозро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Вобаста ба ин, ҷиҳати босамар амалӣ намудани танзиму назорати фаъолияти бонкӣ, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №163 “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ гардид, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2018, таҳти №959 ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон, дар асоси “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2019, №8 Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2019 тасдиқ карда шуд. Рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.
Ҳадаф аз муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз, ин ба роҳ мондани татбиқи самараноки сиёсати макропруденсиалии Бонки миллии Тоҷикистон, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Тибқи Қоидаҳои муайяншуда ташкилоти қарзии низомсоз ташкилоти қарзие мебошад, ки аз фаъолияти босуботи он муътадилии кулли низоми молиявӣ, бахусус устувории низоми бонкии мамлакат вобастагӣ дорад. Дар навбати худ, ташкилоти қарзии эҳтимолӣ ташкилоти қарзие ба ҳисоб меравад, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонад ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шавад.
Аз рӯи натиҷаи фаъолияти солона (аз 01 январ то 31 декабри соли 2018), ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз ва 1 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилоти қарзии эҳтимолӣ шомил гардиданд.
Ҷиҳати нигоҳ доштани қобилияти истодагарӣ дар муқобили таъсири омилҳои гуногун, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ дар низоми бонкӣ, танзим ва назорат нисбат ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии низомсоз пурзӯр гардида, дар оянда эҳтимолияти ҷорӣ гардидани талаботҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷой дорад.
Шуъбаи матбуоти БМТ