Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
12.02.2019

Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самарабахш ва рушди тиҷорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати солим, ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон дар назди мақомоти давлатӣ ватақвият бахшидан ба фаъолияти муназзами ташкилотҳои суғуртавӣ, бо ташаббуси ташкилотҳои суғуртавии кишвар Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  

Мақсади асосии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон - намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни Ассотсиатсияҳо дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақоми назоратӣ, мақомоти қонунгузор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо мебошад.

Соҳаи суғурта яке аз бахшҳои муҳими бозори молиявии мамлакат ба ҳисоб меравад ва ҳамчун пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои суғуртавӣ метавонад дар пешрафти бахшҳои иқтисодӣ, хусусӣ, хоҷагии халқ ва рушди онҳо ба ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд.

Ташкили Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон дар шароити имрӯза тақозои замон ва яке аз омилҳои такондиҳанда барои рушди самараноки минбаъдаи соҳа дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, таҳти №408 “Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ” ва мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, таҳти №851 “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ” масъули назорату танзими бозори суғурта ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 дар бозори суғуртаи кишвар 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ, 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила ва дар маҷмӯъ19 адад ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку