Моҳи январи соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ва қонунҳои марбутаи он вобаста ба “уҳдадориҳои таъминшуда” ба имзо расидонида шуд. Бо назардошти нав будани мафҳуми «уҳдадориҳои таъминшуда» дар қонунгузории амалкунанда, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, Кодексҳои гражданӣ (қисмҳои 1 ва 2), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинобар такмили додани низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ва низоми уҳдадориҳои таъминшуда дар Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори молиявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
“Ислоҳот дар қонунгузории гарави моли манқул ба беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектҳо, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани “уҳдадориҳои таъминшуда” дар заминаи такмили меъёрҳои ҳуқуқии гарави молу мулки манқул боис гардида, интизор меравад, ки тағйироти ҷиддие дар фаъолияти қарздиҳӣ ва баргардонидани қарз ба миён меорад. Тағйиротҳои мазкур мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд. Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, фазои ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар барои сармоягузорӣ беҳтар мегардад, ки ин ба дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории қарзӣ мусоидат мекунад. Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар рейтинги “Пешбурди соҳибкорӣ” (Doing Business)-и Бонки ҷаҳонӣ буда, аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ таҳия гардидааст”, - изҳор дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Бо мақсади шарҳи бештар ба ҷомеа ва иштирокдорони бозори қарз дар мавриди моҳият ва мақсади ислоҳот, инчунин таъсири он ба таҷрибаи қарздиҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (ACAFI) конфронсро дар мавзӯи “Аҳдҳои таъминшуда - заминаи мусоид барои пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистон” санаи 12 феврали соли 2019 баргузор шуд.
Кори Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, аз раванди ислоҳот ва таҳияи қонунгузорӣ, аҳамияти он дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.
Дар кори конфронс инчунин Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс, Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, Ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодӣ, Дафтари ҳамкории Швейсария Малика Ибрагимова иштирок ва суханронӣ намуда, иқтидор ва дурнамои татбиқи ислоҳоти зеринро дар беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ баррасӣ намуданд. Намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон инчунин дар кори конфронс иштироки фаъол дошта, дар муҳокимарониҳо ибрози назар намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки қонунгузории ҷадид вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар робита ба такмил додани қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ дар вазъи буҳронии молиявии ҷаҳонӣ дарҷ гардидаанд, амалӣ ва иҷрои Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” дар доираи ислоҳоти мазкур, тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2015, №34107 (13-2) ва Протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун идомаи мантиқии раванди ислоҳотҳо барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ – таҳти унвони “Пешбурди соҳибкорӣ”, аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ, таҳти ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалӣ (с.2015-2018) дар таҳрири нав таҳия шудааст. Қонуни мазкур дар заминаи Қонуни каблии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” (01.03.2005), ки бо тағйир ёфтани вазъи иқтисодиёт ва муносибатҳои иқтисодии ҷомеа ҳуқуқу манфиатҳои субъектони алоҳидаро ҳангоми сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонист, таҳия гардидааст.
Шуъбаи матбуот