Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

Бойгонии ахбор
14.02.2019

Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

12 феврали соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идора, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" (30.11.2018,№565) доир гардид. Ҷаласаи кориро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, бори дигар қайд кард, ки рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ на танҳо шаффофияти иқтисодиёти кишварро таъмин, балки ба ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуда, назорати ҷараёни молиявиро тақвият мебахшад.

NBTL5429-1.JPG

Дар ин росто вазорату идора ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани иҷроиши бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" чораҳои таъхирнопазир андешида, барои қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монанд. Инчунин, корҳои фахмондадиҳӣ ва ташвиқотиро тавассути васоити ахбори омма дар ин маврид ҷоннок намуда, барои ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳоро бо пули нақд ба роҳ монда, аз натиҷаҳои иҷроиши бандҳои қарори ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки меҳвари асосии фаъолияти он ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад, саривақт маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд.

NBTL5363-2.JPG

Дар рафти ҷаласа намояндагони вазорату идора ва ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои қарори ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷониби истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ дар хусуси паст кардани меъёри ҳаққи хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод карда шуд, яъне дар марҳилаи аввали татбиқи қарори мазкур ҳаққи хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми қабули пардохтҳои ғайринақдӣ таҷдиди назар ва дар ҳаҷми камтарин ё ройгон амалӣ карда шавад.

NBTL5372-3.JPG

Намояндагони ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ вобаста ба иҷрои бандҳои қарори ҷаласаи кории нахустин ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, барои самаранокии кор дар ин самт аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки барои қабули пардохти ҳама намуди хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, рӯйхати кормандони масъули мақомоти дахлдор оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" вобасташударо ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намоянд. Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки ташкилотҳои қарзӣ метавонанд тавассути БДА ҶТ "Амонтбонк" ба шабакаи биллингии ШСХК "Барқи тоҷик" пайваст шаванд.

NBTL5385-4.JPG

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҷамъбаст намуда, аз аъзоёни Гурӯҳ кории байниидоравӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷроиши қарори мазкур ва ҷаласаҳои кории баргузоргардида чораҳои фаврӣ андешида, тибқи ҷадвали "Нақшаи чорабиниҳо оид ба роҳ мондани қабули хизматрасониҳои пулакии давлатӣ" дар доираи иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал бо феҳристи номгӯи ҳамаи хизматрасониҳои пулакии мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд. Дар охир барои ҳамкории муштарак ва босамар ҷиҳати татбиқи қарори зикргардида ба аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ дастур дода шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку