Дар бораи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”

Бойгонии ахбор
20.02.2019

Дар бораи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 таҳти №10, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Маврид ба зикр аст, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар баробари қабули пардохтҳо барои хизматрасониҳои алоқа, коммуналӣ, қувваи барқ, пардохти қарз, пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин, хизматрасониҳои бонкиро тавассути агентҳои бонкии пардохтӣ, сомонаи Интернетии ташкилоти қарзӣ, Интернет-эквайринг барои хариди молу хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва маблағҳои электронӣ пешниҳод менамояд, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро бо дигар таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, тавассути низоми пардохтии “Осон” ба муштариён хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод менамояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку