Масъалаи ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ ва пешниҳоди кӯмаки техникӣ, 5 марти соли 2019 зимни вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА таҳти сарварии Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА ҷаноби Уилям Томас мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат ва иҷроиши стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди солимгардонии низоми бонкӣ, нигоҳдории суботи молиявӣ, истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум, солимгардонии бонкҳои муаммодор ва мушкилиҳои соҳа, инчунин, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва назорати низоми суғурта меҳмононро шинос намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ аз Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА даъват ба амал овард, ки дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, бозомӯзии кормандон ва фарогирии молиявӣ, бо пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ ҳамкории муштараки судмандро ба роҳ монанд.
Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА ҷаноби Уилям Томас ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои пазироии хуб арзи сипос намуда, барои идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Вобаста ба пешниҳодҳои дар боло зикршуда, ҷаноби Уилям Томас изҳор дошт, ки Бонкҳои марказӣ бояд бо барномаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир фаъолияти худро пеш баранд ва Департаменти хазинадории ИМА дархости Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин самт амалӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа кӯмаки техникӣ мерасонад ва дар самтҳои дархостшуда баҳри табодули таҷриба ва омӯзиш мусоидат хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин муовини сардори шуъбаи сиёсӣ ва иқтисодии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Эндрю Берри, мутахассисони Вазорати молияи ИМА Лорен Бернхарт, Шерон Иски ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ