Имрӯз, 7 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронии худ модарони азиз ва бонувони гиромиро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору сарсабзии табиат барояшон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намуд.
“Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, ки занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфтани Ватани азизамон фаъолона саҳм гузоранд. Дар баробари ин, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан-модар дар ҷомеа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.
Бояд таъкид кард, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ба масъалаи нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории нави миллӣ баҳои баланд дода мешавад.
Дар ҳамовозӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, котиби Раёсат ва сардорони идораву шуъбаҳои мустақил мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 01.03.2019 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 245 нафар, ё 30,4%-ро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нақши занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт”, - қайд кард Ҷ.Нуралиев.
Сардори шуъбаи тарҷума Мирзоҳасан Султонов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба Рустам Маҳмудов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова ва мутахассиси пешбари Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Содиқ Расулов низ, дар навбати худ занону модаронро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, иброз доштанд, ки эҳтироми бонувон ва модарони арҷманд кори як рӯз дар тӯли сол нест, балки онҳо сазоворанд ҳамеша барояшон эҳтиром қоил бошем.
Дар анҷоми ҷамъомад Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар бонувони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, изҳори умед кард, ки минбаъд низ занону модарони арҷманди мо баҳри рушди низоми бонкӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ