Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Бойгонии ахбор
12.03.2019

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, собиқадорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо суханони муқаддимавӣ чорабинии идонаро ифтитоҳ намуда, кормандони воситаҳои ахбори оммаи ватаниро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфт.

DSC_1084.jpg

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сухани табрикӣ зикр кард, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардидааст, рабт дошта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995 инҷониб дар саросари Тоҷикистон чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла қайд кард, ки васоити ахбори омма дар ҳама давру замон ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва рушди рӯзафзуни Ватани азизамон нақши арзанда доранд.

Дар қисмати тантанавии ҷамъомад, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутиро дар соли 2018 эълон дошта, инчунин рӯзноманигорон ва ҳайати эҷодии оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио ва нашрияҳоро бо Сипоснома, Ифтихорнома, дипломи Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.

NBTL6849.JPG

Дар баробари вазорату идораҳои дигар Бонки миллии Тоҷикистон низ як зумра намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои ҳамкории судманд ва саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи низоми бонкӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ намуд. Сипоснома аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон, аз ҷумла кормандони телевизион ва радио, матбуоти давлатӣ ва мустақил, агентиҳои иттилотӣ дар таҷлили Рӯзи матбуот ботантана супорида шуд.  

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин рӯзи саид тамоми рӯзномагорони кишварро, ки барои ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси масоили иқтисодӣ, аз ҷумла пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкӣ саҳм доранд, табрику таҳният гуфта, барои ҳамкории судманд арзи сипос менамояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку