Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “М-Полис”

Бойгонии ахбор
18.03.2019

Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “М-Полис”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2019, дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва бо дастрасии моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 9 ва 11 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо назардошти ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дархости Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии “М-Полис” ҷиҳати тамдид кардани муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд.

Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку