Бо беҳтарин таманниёт ва орзуҳои сабз қадамҳои ҳуҷастаи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзро, ки барои наслҳои имрӯзу фардо аз асолату ҳувияти миллӣ, аз ормонҳои волои созандагиву бунёдкории ниёгонамон ҳидоят мекунад ва дирӯзу имрӯзро ба ҳам мепайвандад ба аҳли бонкдорӣ ва тоҷикистониён самимона табрику муборакбод мегӯем.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз асолати таърихии Наврӯзи оламафрӯз гуфта: “Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст”.
Дар ҳақиқат, ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии худ аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Вай тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар хонадон шодиву нишот меорад. Яке аз суннатҳои асили ин ҷашн ҳамин аст, ки инсонҳо дар иди Наврӯз бояд ба ҳамдигар хушнудӣ ато намоянд ва дастгири ҳамдигар бошанд. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон таҳти сарварию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёконро ҳамеша гиромӣ медорад. Мояи ифтихор аст, ки ин суннати неки аҷдодӣ бо саъю кӯшиши Пешвои миллат дар Тоҷикистони соҳибистқлол ба як анъанаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.
Соли рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот эълон шудани соли 2019 аз ҷониби Роҳбари давлат низ як паёми наврӯзӣ ба хотири ободии ин диёр ва рушди рӯзафзуни он маҳсуб мешавад, ки он бо Наврӯз ва суннатҳои асили он робитаи қавӣ дорад.
Бо ин ниятҳои нек, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи навбаҳорро ба хурду бузург самимона муборакбод гуфта, барори кору саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва беҳтарину накутарин хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон