Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”

Бойгонии ахбор
20.03.2019

Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”

Дар асоси моддаи 14 (1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 12 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 18 марти соли 2019, №23 дархости Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 11 ноябри соли 2014 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку