Баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Бойгонии ахбор
29.03.2019

Баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Дар робита ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни аҷдодии Наврӯзи байналмилалӣ дар қаламрави кишвар, бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 дар майдончаҳои варзишӣ-фароғатие,

NBTL7817-1.JPG

ки давоми солҳои 2017-2018 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо сохта ба истифода дода шуданд, як силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ роҳандозӣ гардида, тибқи ҷадвал ҷавонон ба чанд намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, теннис, шоҳмот ва шашка ҷалб карда шуданд.

NBTL7770-2.JPG

Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои мазкур, аз санаи 19 то 27 марти соли 2019 дар майдончаҳои варзишие, ки дар кӯчаи Ҷаббор Расулов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қаблан сохта ва ба истифода дода шуданд, байни наврасону ҷавонони маҳаллаҳои мазкур мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд.

NBTL7813.JPG

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқоти мазкур 6 даста дар майдончаи варзишии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва 6 дастаи дигар аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаи кӯчаи Ҷаббор Расулов миёни ҳам рақобат намуданд.

NBTL8088-4.JPG

Дар маросими ҷамъбастии ин мусобиқаҳо, ки 28 марти соли 2019 дар майдончаҳои мазкур доир гардиданд, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ширкат варзида, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи аҷам табрику таҳният гуфт ва иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили мусобиқаи мазкур ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим буда, баргузории он дар таҳкими дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат хоҳад намуд. 

NBTL7942-5.JPG

Сипас, ба ғолибон аз ҷониби Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва Раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор ифтихорномаҳо, Ҷом, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку