Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
03.04.2019

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

2 апрели соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии иқтисодчии калон оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гоар Гюлуман, ки бо сафари корӣ аз 1 то 10 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ҳайати Бонки ҷаҳонӣ инчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Питерс Олтерс,

NBTL8356-1.JPG

Директори Департаменти стратегияи рушд ҷаноби Сударшан Канагараджа, мушовири пешбари байналмилалӣ ҷаноби Саумя Митра ва дигар коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Бояд зикр кард, ки Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии Стратегияи миллии рушд ва омодагии пешакии ҳисоботи таҳлилӣ оид ба оқибатҳои макрофискалии сармоягузорӣ ба Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ташриф овардааст.

NBTL8314-2.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муайян намудани афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушд, аз ҷумла чорабиниҳое, ки тавассути Барномаи шарикӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд, муҳокима намуданд.

NBTL8445-3.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таъмини рушди иқтисодиёт дар солҳои охир сухан карда, оид ба лоиҳаи бузурги стратегӣ – “НБО Роғун” ва манфиатовар будани сохтмони иншооти мазкур на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя ибрози назар намуд. Ҷамолиддин Нуралиев дар мавриди хусусияти минтақавӣ доштани лоиҳа, фароҳам омадани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба қувваи барқи арзон ва муфид барои кишварҳои минтақа махсусан таъкид намуда, барои саҳмгузории Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз дар ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри татбиқи минбаъдаи лоиҳаи “НБО Роғун” даъват ба амал овард.

NBTL8325-4.JPG

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба як қатор масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли рушди иқтисодиёт, рафти корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО “Роғун”, саҳми барориши Евробондҳо дар татбиқи ин лоиҳа, ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, рафти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

NBTL8363-5.JPG

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди корҳои зиёди анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи бузурги стратегӣ НБО “Роғун” изҳори назар карда, имкони мавҷуд будани ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин иншооти стратегӣ, эҳтимолияти дурнамои содироти қувваи барқ дар минтақа, таҷдиди ШСХК “Барқи тоҷик” ва масъалаҳои муҳими иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

NBTL8409-6.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои ҳамкории доимии судманд ба ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати омӯзиш ва баррасии таҳлилҳо оид ба татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва нақшаҳои Стратегияи миллии рушд изҳори сипос намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку