Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз 3 апрели соли 2019 таҳти №28 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпей” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.
Ҳамзамон, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз 3 апрели соли 2019 таҳти №29 ба ҶДММ ТАҚХ “Душанбе-Сити” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Express Pay” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.
Идораи низоми пардохт муаззаф аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилотҳои номбурда сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти БМТ