Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
04.04.2019

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти мониторинги молиявӣ 

I

Мудири Маркази омӯзишӣ - методӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда на камтар аз 5 сол;
  • малакаи  кор дар компютер  (Ms Office, Internet);
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумот, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • қобилияти пешниҳоди маълумот дар шакли муаррифӣ;
  • таҷрибаи корӣ доир ба таҳия намудани барномаҳои таълимию методӣ;
  • малакаи гузаронидани гуфтушунидҳои расмӣ.


Бояд донад:

• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур,  асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда,  фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19.04 с.2019


Возврат к списку