Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
04.04.2019

Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон

Бо мақсади тақвият бахшидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамасола моҳи март ҳафтаи байналмилалии молиявиро (Global Money Week) барои наврасон ва ҷавонон доир менамояд. Дар гузаронидани чорабинии мазкур тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) фаъолона саҳм мегузоранд. Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, чорабинии мазкурро соли панҷум аст, ки ҷашн мегирад.

NBTL8180.JPG

Раванди омӯзиши дониши молиявӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ идома дода шавад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” бо мақсади саҳмгузорӣ дар чорабинии мазкур, баргузории экскурсияи хонандагонро дар осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуд.

NBTL8306.JPG

Дар экскурсияи мазкур ба толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №148 ноҳияи Рудакӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор карда шуд.

NBTL8128.JPG

Дар машғулиятҳои инфиродӣ (интерактивӣ) ба толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Толибилмон дар баробари тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо як шавқи хоса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд. Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии толибилмон мусоидат менамояд, тақдим гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку