Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2019 таҳти №34, дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, инчунин, бо дастрасии моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 9, 11 ва 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо сабаби риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ, дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Аудит” ҷиҳати тамдид кардани муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд.
Департаменти назорати бонкӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ вазифадор карда шуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ