Иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бойгонии ахбор
12.04.2019

Иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2019 таҳти №35, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии “Народный банк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Народная” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку