Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
16.04.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи ҳуқуқ

I
Сардори Бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ва ё молия ва дар соҳаҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • Қобилияти баланди таҳлилӣ;
  • Маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ);
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

II
Сардори Бахши умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ва ё молия;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
  • Қобилияти баланди таҳлилӣ;
  • Маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ);
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 29.04 с.2019



Возврат к списку