25 апрели соли 2019 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон «Хониши парлумонӣ» дар мавзӯи «Оид ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғаӣринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода баромад намуда, изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ дар иқтисодиёти кишвар, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намудани воридшавии андозҳо ба буҷети давлат ин ривоҷу равнақ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.
Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз 26 декабри соли 2018 барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин раванд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” санаи 30 ноябри соли 2018 қабул гардида буд.
Баҳри иҷрои қарори мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон 5 маротиба (23 январ, 12 феврал, 26 феврал, 13 март ва 29 марти соли 2019) ҷаласаҳои гурўҳи кории байниидоравӣ баргузор гардида, дар он бо иштироки ташкилотҳои қарзӣ масъалаи ба аҳолӣ фароҳам овардани имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои пулакии давлатӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт муҳокима гардиданд.
Айни замон, ташкилотҳои қарзии ватанӣ, аз қабили ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва дигарҳо дар фаъолияташон технологияҳои муосири пардохтиро, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электронӣ ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро фароҳам оварда истодаанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён барои истифодаи бештари воситаҳои электронии пардохтӣ ҳаққи хизматрасониҳоро ба таври назаррас кам намуда, ба муштариён барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.
Вазорату идораҳои давлатӣ низ оид ба ҷорӣ намудани технологияи муосир барои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо ва корҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, аллакай пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, як қатор андозҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ татбиқ карда шудаанд.
Аз ҷумла, Вазорати адлия барои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо POS-терминалҳои электрониро дар 10 сохторҳои зертобеи худ — хонаҳои ақди никоҳ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии ш.Душанбе ва ноҳияҳои он насб намуд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо БДА ҶТ “Амонатбонк” барои қабули ҳаққи хизматрасониҳои пулакии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, ки зиёда аз 60 намуди хизматрасониҳоро дар бар мегирад, дар 3 нуқтаи шаҳри Душанбе ва 2 нуқтаи шаҳри Хуҷанд POS-терминали электрониро насб намудааст.
Дар баробари ин, чунин имкониятро Кумитаи андоз низ фароҳам оварда, айни замон андозсупорандагон метавонанд бе ташриф овардан ба нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ (“Корти миллӣ” ва Visa) тавассути сомонаи Кумита дар шабакаи Интернет пардохт намоянд.
Инчунин, Кумитаи андоз 200 адад терминалҳои электрониро харидорӣ намуда, онҳоро бо барномаи махсус муҷаҳҳаз гардонидааст ва тавассути онҳо андозсупорандагон дар минтақаҳо метавонанд андозҳои маҳаллиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Шоистаи зикр аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2018 пардохти хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ба таври ғайринақдӣ амалӣ шуда истодааст. Ба санаи 31 марти соли 2019 аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” ба муомилот 274 168 адад кортҳои пешпардохти нақлиётӣ бароварда шуда, тавассути онҳо дар семоҳаи якуми соли 2019 ҳаққи хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ ба маблағи зиёда аз 7,3 млн. сомонӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт карда шуданд. Иқдоми мазкур ҳамчун саҳми бузурги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Ба санаи 1 апрели соли равон миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 2 133 870 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 фоиз зиёд мебошад. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмўъ 679 адад банкомат ва 4 435 адад терминалҳои электронӣ насб карда шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 шумораи банкоматҳо бетағйир монда, шумораи терминалҳои электронӣ 853 адад ё 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 8,4 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 173,1 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз рўи шумора 36 маротиба ва аз рўи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 77 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра таносуби амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 93,4 фоиз ба 6,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ амалиётҳои ғайринақдӣ 2,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Дар анҷоми «Хониши парлумонӣ» байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳа саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид.
http://parlament.tj/news/xonishi-parlumonӣ-barguzor-gardid-5/