Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ: «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»

Бойгонии ахбор
06.05.2019

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ: «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»

3 майи соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» доир гардид. Форуми мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он гӯшаҳои соҳавии ташкилоту коргоҳҳои кишвар, дастовардҳои илмӣ ва техникии насли ҷавон, имкониятҳои хуби муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, намоиши дастовардҳои соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки иштирокчиён аз он дидан намуданд.

Форумро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода оғоз бахшида, иброз дошт, ки рушди неруи инсонӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои волои миллат ба шумор меравад. Дар ин замина неруи инсонӣ худ маҷмӯи донишу маърифат, маҳорату малакаи инсон буда, барои қонеъгардонии ниёзу эҳтиёҷот хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

NBTL0091-1.JPG

«Чуноне ки зимни ироаи Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, таъмин гардидани пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст ва таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, таъсис ёфтани 150 ҳазор ҷойи кори нав, дар 3 соли охир 25 фоиз кам гардидани шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз далели он аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ сатҳ ва сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, дарозумрии аҳолӣ то 73,5 сол боло рафтааст. Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошанд, ки дар сар то сари мамлакат раванди ғамхорӣ дар бораи инсон ҳамчун татбиқи воқеии мақсадҳои олии давлат ва Ҳукумат маҳсуб меёбад»,-гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои Раёсати Форум, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зимни баромади хеш ба масъалаи дастрасии молиявӣ ва маърифатнокии молиявии аҳолӣ таваҷҷуҳ карда, иброз намуд, ки яке аз омилҳои муҳими расидан ба муваффақияти касбӣ доштани тафаккуру дониши муосири молиявӣ аст. Дар ин замина, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, вусъат бахшидани раванди татбиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва фарогирии молиявии аҳолӣ, дастрасии молиявӣ ба хизматрасониҳои арзон ва сифатнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро муҳим арзёбӣ намуд.

NBTL9997-2.JPG

Пас аз ифтитоҳи расмӣ ва баромадҳои аъзои раёсат, кори Форум дар ду бахш идома ёфт: “Маориф ва шуғл: роҳҳои расидани ҷавонон ба муваффақият” ва “Карера дар самти ТИК ва оғози стартапи худ”.

Мавриди зикр аст, ки дар бахши “Карера дар самти ТИК ва оғози стартапи худ” Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Моҳбону Накатова дар мавзӯи “Дастрасии молиявӣ ва маърифатнокии молиявӣ” рӯнамоии пурмуҳтаворо манзури иштирокчиёни Форум намуд. Таҳлили амиқ ва маълумотҳои муфассали пешниҳодкардаи М.Накатова аз ҷониби иштирокдорони Форум хуш қабул гардида, мубоҳисаи ҷолибро ба миён овард.

NBTL0572-3.JPG

Ҷавонон, ки бахши зиёди иштирокчиёни Форумро ташкил менамуданд, ба саволҳои худ дар бораи низоми бонкии кишвар, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиётҳои амонативу қарзӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Созмони ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон, ки онро мутахассиси ҷавон Абдулқайси Саидҷаббор роҳбарӣ мекунад, дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар хеле фаъол буда, дар баланд бардоштани маърифати молиявӣ миёни ҷавонон саҳм дорад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку