Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2019 таҳти №47 мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои фаъолияти суғуртавии ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки оид ба қарори мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти БМТ