Ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ

Бойгонии ахбор
14.05.2019

Ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ мерасонад, ки бо мақсади пешбурди сиёсати cозандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ ва ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва зерсохторҳои онҳо дар баробари телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 ва суроғаи электронии ALLOMUSHTARI@NBT.TJ Бонки миллии Тоҷикистон, суроғаи электронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо нишонаи RaisiBMT@nbt.tj фаъол аст, ки арзу шикоятҳо бевосита аз ҷониби Раиси БМТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку