15 майи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва бо иштироки роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии кишвар, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10 майи соли 2019, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа гардида буд, ҷалб намуд.
“Низоми бонкии кишвар, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои рушду такомули он фаъолияти босамар дошта бошем. Ва бо истифода аз имконияту шароитҳои мусоид баҳри бартараф намудани камбудиҳои соҳа, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа намуданд, кӯшиш ба харҷ диҳем, то эътимоди аҳолиро ба бонкҳо барқарор намоем. Татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ҳиссагузор бошад”,- иброз дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода.
Дар идома лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо ба баррасӣ ҷиҳати пешниҳоди таклифҳо манзур карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои зимни мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат ироагардида таҳияшуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкӣ ва суғуртаро фарогир мебошад, аз ҷумла баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, истифодаи фишангҳои иловагӣ баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ва ғайра.
Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои таҳия намудани пешниҳодҳои худ ҷиҳати ворид намудан ба нақшаи чорабиниҳои мазкур дастур дода шуд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин масъалаҳои бедолларикунонии иқтисодиёт, поён бурдани таъсири асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, қобилияти пардохтпазирӣ ва сармояи бонкҳо, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии арозонвоситаҳои молиявӣ, таъсиси бештари филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ ва ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкии мамлакат, бахусус ба вазифаҳои масъулияти моддидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар навбати худ доир ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" (30.11.2018,№565) суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо вуҷуди иҷрои корҳои назаррас дар самти тадбиқи қарори мазкур, зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ҳоло ҳам баъзе мушкилот, аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои карзӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини терминалҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ дида мешавад.
Аз ин рӯ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани таъмини татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" чораҳои таъхирнопазир андешида, барои қабули ҳақи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.
Дар охир ба намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар мулоқот зикргардида дастурҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ