Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои манотиқи мухталифи кишвар зиёда аз 2200 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои пешниҳоди хизматрасонии қабули маблағҳо насб карда шудаанд.
Тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон, ки ба ташкилотҳои қарзӣ мансуб мебошанд, пардохти зиёда аз 200 намуд хизматрасониҳо, ба мисли пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ, Интернет, ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо имконпазир буда, роҳи осону қулай барои пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои гуногун мебошад. Терминалҳои мазкур, аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар насб карда шуда, ба шаҳравандон роҳи алтернативии пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳоро бидуни ташриф овардан ба хазинаю нуқтаҳои хизматрасониҳои ширкатҳое, ки ба манфиати онҳо маблағҳо қабул карда мешаванд,имконият медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки истифода намудани терминалҳои худкори худхизматрасон, насби низомҳои муосири пардохтӣ ва роҳандозӣ намудани чунин хизматрасонӣ дар доираи фаъолияти иҷозатшудаи ташкилотҳои қарзӣ амалӣ гардида, барои пешниҳоди хизматрасонии мазкур ташкилотҳои қарзӣ метавонанд ҳаққи хизмат гиранд. Аммо, маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои пур кардани тавозуни симкортҳо гирифтани фоиз манъ карда шудааст. Бинобар ин, тибқи маълумоти дастрасшуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасоне, ки бевосита ба ташкилотҳои қарзӣ марбут мебошанд, талаботи қарори мазкур риоя гардида, аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои пур кардани тавозуни симкортҳо аз аҳолӣ фоиз гирифта намешавад.
Бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва бо дарназардошти “Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №51 тасдиқ карда шудааст, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкии пардохтӣ ҷалб намоянд.
Айни замон, як қатор шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ фаъолият намуда, тавассути терминалҳои худкори худхизматрасони худ ба аҳолӣ хизматрасонии қабули пардохтҳоро пешниҳод намуда истодаанд. Вале мутаассифона, дар фаъолияти як қатор агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ иҷро нагардидани талаботҳои дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии муқарраршуда ба назар мерасад, аз он ҷумла, ба муштарӣ пешниҳод нагардидани чек (расид) ҳангоми анҷом додани пардохт тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон ё бар хилофи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 гирифтани фоиз ҳангоми пур кардани тавозуни симкортҳо ва ғайра.
Чуноне ки дар қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст, дар мавриди роҳандозӣ намудани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, аз рӯи фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтии ҷалбкардааш пурра масъулият бар душ дошта бошад.
Чанде пеш, Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 26 апрели соли 2019 ташкилотҳои қарзии молиявие, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ ҷалб намудаанд, вазифадор карда буд, ки тибқи талаботҳои қонунгузорӣ, қабули ҳама гуна пардохтҳоро тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо додани чеки хазина таъмин намоянд.
Ҳамзамон, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд дар асоси розигии муштарӣ барои тасдиқи амалиёти қабули пардохтҳо чеки хазинаро ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.
Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ошкор шудани камбудиҳо вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла хизматрасонии қабули маблағҳо ва ҷалби агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, нисбати ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қонун пешбинишударо татбиқ менамояд.
Шуъбаи матбуот