Меъёри бозтамвил то 13,25 фоизи солона паст карда шуд

Бойгонии ахбор
31.05.2019

Меъёри бозтамвил то 13,25 фоизи солона паст карда шуд

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати 1,5 банди фоизӣ паст намудани меъёри бозтамвил қарор қабул гардид. Тибқи қарори мазкур меъёри бозтамвил аз 3 июни соли 2019 дар сатҳи 13,25 фоизи солона муқаррар карда мешавад.

Раванди таваррум ва омилҳои таъсиррасон.Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 сатҳи таваррум раванди нисбатан болоравиро дошта, ба 2,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Раванди таварруми бавуқӯъомада интизоршаванда буда, бо дарназардошти эффекти “базавӣ” асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарии марбутаи пешниҳодот ва мавсимӣ ба амал омад. Дар маҷмӯъ раванди таваррум аз нишондиҳандаи дурнамошудаи он (7,0 фоиз) андаке баландтар ҷамъбаст ёфт.

Интизориҳо ва хавфҳо.Тибқи таҳлилҳо, омилҳои мавсимии кӯтоҳмуддат дар бозорҳои дохилӣ, ки дар ибтидои сол ба чашм мерасид, дар семоҳаи дуюм вобаста ба зиёдшавии ҳосили нави маҳсулоти кишоварзӣ ва кам гардидани талабот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ тадриҷан паст мегардад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ арзоншавии нархи ҷаҳонии бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида гардид, ки ин раванд низ ба нархи дохилӣ таъсир хоҳад расонид.

Дар баробари ин, хавфҳои эҳтимолии ба сатҳи таваррум таъсиррасон вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунӣ ва дохилӣ дошта, тағйирёбии раванди қурби асъор, эҳтимолияти таъсири манфии фишорҳои мазкур ба устувории таваррум ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавҷуданд. Бахусус, вазъи кунунии геосиёсӣ, низоъҳои сиёсӣ байни давлатҳои абарқудрат ва номуайяниҳо дар минтақа, болоравии сатҳи таваррум ва тағйирёбии қурби асъори шарикони асосии савдо боиси болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулотҳои воридотӣ гашта, метавонад ба вазъии иқтисодии кишвар таъсир расонад.

Тибқи таҳлилҳо вобаста ба таъсири омилҳои мавсимию муваққатӣ сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли 2019 раванди болоравиро дошта,то интиҳои сол ба ҳудуди муқарраршудаи нишондиҳандаи мақсаднок 7,0%(+/-2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Омилҳои эҳтимолии таъсиррасон, ки дар боло зикр шуданд, ғайримонетарӣ ва шокҳои кутоҳмуддат буда, меъёри бозтамвил, ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ дар сатҳи 13,25 фоизи солона муайян карда шуд. Меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намояи қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки меъёри бозтамвил фишанги калидии танҳо амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, меъёри бозтамвилро бо дарназардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои он дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.


Возврат к списку