6 июни соли 2019 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Мушовири Президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар мулоқоти корӣ анҷом дод.
Қабл аз ҳама, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмони хориҷиро ба кишвар хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки мулоқоти имрӯза барои барқарор намудани ҳамкориҳо ва тақвияти минбаъдаи он мусоидат менамояд.
Дар мулоқоти мазкур маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистон ва Фаронса ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз ин мулоқот ва муҳимияти тақвияти низоми бонкӣ, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодаи ҳамкории судманди дуҷониба аст.
- Бонки миллии Тоҷикистон дар гузашта низ бо Бонки марказии Фаронса ва институтҳои молиявию қарзии Фаронса ҳамкории зичро ба роҳ монда буд, ки дар доираи ин ҳамкорӣ, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Институти молиявӣ – бонкии Бонки марказии Фаронса даври омӯзишӣ гузаштанд. Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ низ мо омодаи ҳамкории самарабахш ва манфиатовари низоми бонкии ду кишвар ҳастем. Барои барқарор кардани равобити судманд мо дар фурсати кӯтоҳ лоиҳаи ҳамкориҳоро дар самтҳои барои низоми бонкии Тоҷикистон афзалиятнок омода ва пешниҳод менамоем, - иброз дошт Ҷ. Нурмаҳмадзода.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар доираи Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Бонки марказии Фаронса ва Бонки миллии Тоҷикистон, давоми солҳои 1999 – 2006 беш аз 220 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Институти молиявӣ – бонкии Бонки марказии Фаронса такмили ихтисос намуданд.
Мушовири Президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки хоҳони дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории мазкур мебошад.
- Барои барқарор ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ ният дорем бо Бонки миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонем, - изҳор дошт ҷаноби Паскал Лоро.
Баъдан Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар дар бораи зарурати вусъат бахшидани ҳамкориҳо сухан ронда, зикр кард, ки бо вуҷуди ҷой доштани баъзе мушкилиҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон, нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияву амалигардонии як қатор ислоҳоти муҳим муассир аст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо ҳарчи зудтар эҳё гардида, тақвият ёбанд.
- Умедворем, ки сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба рушди ҳамкориҳои низоми бонкии Фаронса ва Тоҷикистон такони нав хоҳад бахшид,- таъкид намуд хонум Ясмин Гуэдар.
Инчунин, дар рафти мулоқот самтҳои дигари афзалиятнок барои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию карзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Мушовири Президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи он як қатор вохӯриву мулоқот, аз ҷумла бо Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, роҳбарияти Вазорати иқтисод ва савдо ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар нақша дорад.
Шуъбаи матбуоти БМТ